LIVE

Истеъфои боз як мураббии дигар аз лигаи олӣ

Сармураббии дастаи "Регар-ТадАЗ" Алиёр Ашурмамадов аз мақомаш истеъфо дод. Ин чорумин истеъфои сармураббӣ дар байни дастаҳои Лигаи Олӣ маҳсуб мешавад. 
Дастаи шаҳри Турсунзода пас аз даври 11-уми чемпионат зери роҳбарии Ашурмамадов ду ғалаба, 3 мусовӣ ва 5 шикастро ба қайд гирифтааст. 

Пас аз натиҷаҳои ғайриқаноъатбахши даста бо роҳбарии мутахассиси мазкур, ҷонибҳо барои қатъи қарордоди ҳамкорӣ ба мувофиқа расиданд.

Ёвари Алиёр Ашурмамадов, Фарҳод Холбеков муваққатан масъулияти сармураббии дастаро бар дӯш хоҳад гирифт

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив