LIVE

Алиёр Ашурмамадов сармураббии «Регар-ТадАЗ» интихоб шуд

«Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода аз иваз шудани сармураббӣ расман хабар дод. Алиёр Ашурмамадов дар ин тими футболи шаҳри Турсунзодамутахассиси дигари тоҷик Ҳикмат Фузайловро иваз кард.  Дар ин бора ёвари менеҷери дастаи «Регар-ТадАЗ» Алишер Додов хабар дод. Баъди бозии даври чордаҳуми мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон-2022 бо тими «Эсхата» (0:1) сармураббии тими «Регар-ТадАЗ» Ҳикмат Фузайлов истеъфо дод. Ҳоло даста ҳамагӣ 10 хол дошта, дар ҷадвали мусобиқаи Лигаи олии Тоҷикистон дар зинаи охирин қарор дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив