LIVE

Наҷмиддин Толибов сармураббии нави “Равшан”

Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб аз таъин кардани мутахассиси 58-сола Наҷмиддин Толибов ба симмати сармураббии бошгоҳ расман хабар дод. 
Наҷмиддин Толибов дар ин вазифа Ғайраталӣ Мираҳмадовро, ки тими “Равшан”-ро аз Лигаи якум ба Лигаи олӣ баровард ва ба ғалаба дар  Ҷоми Тоҷикистон даст ёфт, иваз намуд.
Наҷмиддин Толибов дар гузашта ба ҳайси футболбоз дар дастаҳои номдори “Вахш”-и Қӯрғонтеппа (феълан Бохтар) ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ҳунарнамоӣ кардааст. Бештар аз 10 сол шомили ситоди мураббиёни “Регар-ТадАЗ” буда, пас аз он ба ҳайси сармураббии “Энергетик” (феълан “Барқчӣ”) ва як муддат ҳамчун сармураббии “Регар-ТадАЗ” кору фаъолият намудааст.
Қайд менамоем, ки пас аз анҷоми 16 даври Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ тими “Равшан” бо касби 19 имтиёз дар зинаи шашуми ҷадвали умумӣ қарор дорад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив