LIVE

Панҷ футболбози Регар ТадАЗ ба ҳайати Равшан пайвастанд.


Панҷ футболбози асосии дастаи "Регар ТадАЗ" ба ҳайати дастаи "Равшан", ки дар Лигаи якуми мамлакат ҳуанрнамоӣ мекунад, ҳамроҳ шуданд. Инҳо дарвозабон Рустам Ризоев, ҳимоятагарон Далер Шомуродов, Саидамири Саидаҳмад ниммуҳофизатгар Ҳасан Рустамов ва ҳамлагар Наврӯз Рустам мебошанд. Вақтҳои ахир дастаи "Регар ТадАЗ" ба ҳолати сахти молявӣ дучор омадааст, ки футболбозон ва сармураббии даста баъди нагирифтани маоши панҷ моҳа тарки даста карданд. Дар пайи гузариши ин футболбозон ҳамчунин ниммуҳофизатгар Абдусаммад Ҳоҷибоев ҳам шомили даста шаҳри Кӯлоб шудааст. Дастаи "Равшан" чемпиони ду каратаи мамлакат ва иштирокчии аввалини Ҷоми КФО ҳоло дар ҷадвали мусобиқаи Лигаи якум дар зинаи панҷум қарор дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив