LIVE

Регар-ТадАЗ” се карат барандаи Ҷоми ФФТ

Бо ғалабаи дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода мусобиқаи анъанавии пешазмавсимии Ҷоми ФФТ-2022 хотима ёфт. 
Дар дидори ниҳоӣ “Регар-ТадАЗ” ғалабаи боварибахшро бар “Ҳосилот”-и Фархор ба даст овард - 4:0. Ду голро Артур Фозилов, як голии дигарро Шуҳрат Элмуродов ва Фатҳулло Фатҳуллоев ба самар расониданд. Ҳамин тариқ, даста аз шаҳри Турсунзода сеюмин бор дар таърихи хеш барандаи Ҷоми ФФТ гардид. Қаблан ин бошгоҳ дар солҳои 2012 ва 2016 пирӯз гардида буд. 
Дар бозӣ барои ишғоли зинаи сеюми Ҷоми ФФТ-2022 “Файзканд” бо ҳисоби 3:1 бар “Хатлон” зафар ёфт. Дубл дар ин дидор ба номи Амирҷон Сафаров сабт гардид. Як голи дигари дастаи ғолибро Оятулло Сафаров ба самар расонд.
Беҳтарин бозигари финал Артур Фозилов аз “Регар-ТадАЗ”, ки ба задани ду гол даст ёфт, дониста шуд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив