LIVE

Ҷароҳатҳои пайдарҳам Пол Погбаро шикастанд

Роҳбарияти бошгоҳи “Ювентус”-и шаҳри Турин дар мавриди тақдири ояндаи Пол Погба дар ҳайати даста  хулосаи ниҳоии худро бароварданд.
Аксари мавсими ҷорӣ, ниммуҳофизатгари  фаронсавӣ бинобар сабаби осеб доштан ба майдон набаромад. Дар мавсими равон Погба дар Серияи А, ҳамагӣ 6 бозӣ анҷом додааст. Дар бозии охир, Погба боз  ҷароҳат бардошт ва ба эҳтимоли зиёд, бозигар то охири мавсим ба майдон намебарояд.

Сарфи назар аз ҷароҳати нимҳимоятгари 30-сола, туриниҳо нақша надоранд, ки царордодро бо ӯ бекор намоянд. Ҳамчунин роҳбарияти дастаи “Ювентус” дар ҳоле бозигарро дар ҳайати тим нигоҳ медоранд, ки нимҳимоятгари дигари хати марказ -  Адриен Рабйо  дастаро тарк намояд. Гуфта мешавад, ки Рабйо ҳамчун агенти озод тобистон метавонад, ба дастаи “Манчестер Юнайтед” гузариш кунад. 

Дар мавсими имсола Погба дар Сериаи А ҳамагӣ 6 бозӣ анҷом додааст. Дар тобистон нимҳимоятгар осеб гирифт ва аз зону ҷарроҳӣ шуд, ки танҳо дар охири моҳи феврал сиҳат шуд ва аз Ҷоми ҷаҳонии Қатар маҳрум гардид. Дар моҳи март, фаронсавӣ дар машқ дубора маҷрӯҳ шуд ва чанд ҳафта тарки майдон кард. Акнун дар аввлани бозии худ боз осеб бардошт.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив