LIVE

Торрес ва Арбелоа қариб занозанӣ кардаанд

Дар бозии ҷавобии даври чаҳорякниҳоии Ҷоми Испания миёни дастаҳои ҷавонони «Атлетико» ва «Реал Мадрид» бо ширкати сармураббии бошгоҳҳо Фернандо Торрес ва Алваро Арбелоа муноқиша сар зад.

Бозии аввал байни дастаҳо бо пирӯзии “Реал” – 2:0 анҷом ёфт. То танаффуси бозии ҷавобӣ «Атлетико» бо ҳамин ҳисоб пешқадам буд. Нимаи дуюм бидуни гол гузашт ва дар вақти изофӣ “Реал Мадрид” ду гол зад, пас аз он миёни сармураббиён низ ҷанҷол сарзад. 

Арбелоа ва торес замоне дар дастаи “Ливерпул” бо ҳам бозӣ кардаанд ва феълан яке сармураббии U19 "Реал" дигаре аз "Атлетико" мебошанд.  

Ба вижа Торрес пас аз анҷоми корномаи варзишии худ ба тамрини бадан машғул аст ва феълан аз варзишгарони бодибилдинг камие надорад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив