LIVE

Наврасони то 13 солаи «Хуҷанд» дар шаҳри Алма-Ато чемпион шуданд

Наврасони то 13-солаи дастаи  «Хуҷанд» дар мусобиқаи байналмилалии  «Локобол-2023», ки дар шаҳри Алма-Атои Қазоқистон баргузор шуд, қаҳрамон гардиданд
«Уқобҳои ҷавон» дар финали мусобиқа бар дастаи Академияи дастаи «Қайрат» бо натиҷаи 2:0 пирӯз шуда, ҷоми мусобиқаро болои сар бардоштанд

 Аллакай имрӯз қаҳрамонҳои наврас ба кишвар бармегарданд😎

 Дар гузаргоҳи сарҳадии «Фотеҳобод» дастаро волидайн, ҳайъати роҳбарикунандаи даста, сармураббии тими асосӣ - Нуъмон Ҳасанов ва намояндагони ширкати TCELL бо камоли эҳтиром пешвоз хоҳанд гирифт

 Натоиҷи рақобатҳои дастаи «Хуҷанд U-13» дар Ҷоми "Локобол 2023" :

 Марҳалаи гурӯҳӣ/Даври 1

 «Манас» (Қирғизистон) 2:1 «Хуҷанд».

 Марҳалаи гурӯҳӣ/Даври 2

 Уз-Магнитогорск (Қазоқистон) 0:0 Хуҷанд

  Марҳалаи гурӯҳӣ/ Даври 3

 «Хуҷанд» 6:0 «Трейс» (Қазоқистон)

 Даври ниманиҳоӣ

 «Хучанд» 4:1 ОШВСМ (Казоқистон).

 Финал

 «Хуҷанд» 2:0 «Кайрат - Академия» (Қазоқистон)

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив