LIVE

Тоҷикистон барандаи медали нуқраи Ҷоми Президенти Қазоқистон

Бозии ниҳоии 12-умин мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Президенти Қазоқистон оид ба футбол  бо иштироки мунтахабҳои  то 17 солаи Қазоқистон ва то 16 солаи Тоҷикистон доир гардид. Дар ин майдондорӣ   мизбонон бо ҳисоби 3:0 пирӯз омада, сазовори медали тиллои ин мусобиқа гардиданд.  Ҳисоби дидор дар дақиқаҳои аввали дидор аз ҷониби футболбози қазоқ Вадим Яковлев кушода шуд. Дар дақиқаи 42-юм  Ғанимҷон Кенҷибек голи дуюми дастаашро ба самар расонид.  Дар қисми дуюми бозӣ  наврасони кишвар лаҳзаҳои зиёди голзаниро фароҳам меоварданд, аммо мутаасифона ба задани гол даст наёфтанд. Голи сеюмро Абзал Қалай дар нафасҳои охири рақобат ба самар расонид. Ҳамин тавр мунтахаби наврасони кишвар барандаи медали нуқраи Ҷоми Президенти Қазоқистон гардиданд. Ёдовар мешавем, ки иштирок дар  мусобиқаи мазкур барои наврасон як давраи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё 2020 ба шумор меравад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив