LIVE

Роналду рекорди соли 2018 гузоштаи худро такрор кард

Ҳамлагари тими “Ал-Наср” Криштиану Роналду дар бозии сеюми паиҳам дубл мекунад. Ҳамлагари португалӣ дар дақиқаҳои 40 ва 66-уми бозии чемпионати Арабистони Саудӣ ба дарвозаи «Ал-Адалҳа» гол зад. Қаблан футболбози 38-сола дар вохӯриҳо бо тими Люксембург ва Лихтенштейн дар интихоби Евро-2024 4 гол зада буд.

Роналду чунин дастоварди назаррас дар соли 2018 ҳануз замони бозӣ дар "Реал Мадрид" нишон дода буд.

Ёдовар мешавем, ки Роналду дар рӯзҳои охири моҳи декабри соли 2022 бо "Ал-Наср" шартнома баста буд. Футболбози 37-солаи португалӣ дар як мавсим тақрибан 200 миллион евро маош мегирад ва шартномаи ӯ бо бошгоҳ барои 2,5 сол пешбинӣ шудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив