LIVE

«Равшан» ва «Регар-ТадАЗ» мавсими футболро бо ғалаба оғоз карданд

Дар даври якуми чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ ду вохӯрӣ доир гардид.

Бошгоҳи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дар даври аввали чемпионати Тоҷикистон-2023 бар дастаи «Хатлон»-и Бохтар (3:0) ғалабаи калон ба даст овард. Голҳоро Абдухалил Боронов, Шерзод Маҳмадиев ва Нуриддин Ҳамроқулов заданд. 

Дар даври якуми чемпионати Тоҷикистон-2023 дастаи «Равшан»-и Кӯлоб дар майдони худ бар «Куктош» бо ҳисоби 3:1 ғалаба кард. Қаҳрамони вохӯрӣ ҳамлагари «Равшан» Тоҳир Малодӯстов гардид, ки муаллифи дубл шуд. 


Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив