LIVE

Роналду дар як соли охир бори аввал аз зарбаи ҷаримавӣ гол зад

Роналду дар як соли охир бори аввал аз зарбаи ҷаримавӣ гол зад ва ба «Ан-Наср» пирӯзӣ овард. Ҳамлагари тими «Ан-Наср»-и Арабистони Саудӣ Криштиану Роналду дар бозии даври 21-уми чемпионат ба дарвозаи тими «Абҳа» (2:1) гол зад.

Португалӣ дар дақиқаи 79-ум зарбаи ҷаримавиро аз масофаи 30 метр иҷро кард ва ҳисобро баробар намуд. Роналдуи 38 сола аз моҳи апрел бори аввал тавассути зарбаи ҷаримавӣ голзанӣ кард.

Роналду ба тими миллии Португал барои иштирок дар бозиҳои интихобии Ҷоми Аврупо-2024 даъват шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив