LIVE

Роналду дар тӯли корномаи худ 60 хет-трик кардааст

Ҳамлагари тими “Манчестер Юнайтед” Криштиану Роналду дар бозии даври 33-юми чемпионати Англия бо тими “Норвич” (3:2) се гол зад. Ин хет-трик дар карераи касбии ҳамлагари португалӣ 60-умин маҳсуб мешавад.  Ба иттилои манбаъ, Роналду дар сатҳи клуб 50 хет-трик ва дар тими тимии Португалия 10 маротиба ин корро анҷом додааст. Илова бар ин, дар ин вохӯрӣ Криштиану аз зарбаи  ҷаримавӣ голи 58-уми худро  дар кариерааш ба самар расонид. Қаблан маълум шуда буд, ки барои хет-трик дар муқобили «Норвич» Роналду мукофоти назарраси молиявӣ мегирад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив