LIVE

«Реал Мадрид» намояндагони Азарро ба мулоқот даъват кардааст

«Реал» бо намояндагони Эден Азар мулоқот мекунад. Дар ҳафтаҳои наздик ҷонибҳо дар бораи ояндаи бозингари белгиягӣ сӯҳбат хоҳанд кард.

Клуб чунин мешуморад, ки беҳтар аст, ки нимҳимоятгар тобистон дастаро тарк кунад.  Азар танҳо дар сурати рафтани сармураббӣ -  Карло Анчелотти метавонад дар дастаи шаҳри Мадрид мунтазам бозӣ кунад. Нимҳимоятгари 32-сола дар ин мавсим дар Ла Лига се бозӣ кардааст.

Азари 32-сола соли 2019 аз "Челси" бо маблағи 115 миллион евро ба "Реал" гузашт. Аз он вақт инҷониб футболбози мунтахаби Белгия 18 маротиба маҷрӯҳ шудааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив