LIVE

Ширкати букмекерии 1XBET сарпарасти расмии Лигаи футболи Тоҷикистон гардид

Лигаи футболи Тоҷикистон ва яке аз бузургтарин ширкатҳои букмекерӣ дар ҷаҳон 1XBet созишномаи ҳамкорӣ имзо карданд.

Созишномаро, ки барои се сол пешбинӣ шудааст, ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов ва директори генералии ҶДММ «Тоҷ Турон» Виктория Смолникова имзо намуданд.

Тибқи созишномаи имзошуда, 1XBet сарпарасти расмии се мусобиқаи Лигаи футболи Тоҷикистон – чемпионати кишвар байни дастаҳои лигаи олӣ, Суперҷоми Тоҷикистон ва Ҷоми Тоҷикистон то охири мавсими 2025 гардид. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив