LIVE

"Оби Зулол" сарпарасти Лигаи футболи бонувон шуд

Дар толори маҷлисгоҳи Федератсияи  футболи Тоҷикистон маросими расмии имзои шартномаи ҳамкории ин ниҳод бо ширкати "Оби Зулол" баргузор шуд. Маросим  бо ҳузури хабарнигорон доир гардид, ки дар он ноиби президенти ФФТ ва муовини директори ширкати "Оби Зулол" ҷонибҳоро намояндагӣ карданд. Пеш аз маросими имзои шартнома Бонухон Азимова иброз дошт, ки  онҳо аз соли 2018 ҳамкориҳоро бо ФФТ оғоз карда, ҳамакнун расман як бори дигар ин ҳамкориҳоро густариш медиҳанд. Ба гуфтаи ӯ ширкати "Оби Зулол" сарпарасти кулли Лигаи футболи занони Тоҷикистон хоҳад шуд. Сипас Алишер Урунов низ иброз дошт, ки ширкати "Оби Зулол" дар хориҷ  кишвари моро муаррифӣ мекунад ва умедворем барои муаррифии футболи занона низ саҳми худро мегузорад. Тибқи шартнома давоми як сол ширкати "Оби Зулол" барои ташкил ва баргузории мусобиқаҳои футболи занона, таъмини сару либос ва таҷҳизоти лозима сарпарастӣ мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив