LIVE

Шартномаи ҳамкорӣ барои рушди Лигаи касбии футзал


Дар маҷлисгоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон қарордоди ҳамкорӣ миёни Лигаи касбии футболи Тоҷикистон ва ширкати «InStat» баргузор шуд. Дар инбора саҳифаи расмии Лигаи касбии футзал дар фейсбук иттилоъ дод. Шартномаро Директори генералии Лигаи касбии футзали Тоҷикикистон (ЛКФТ) Комрон Шодиев ва мудири митақавии ширкати «InStat» Сино Тоҳирзода ба имзо расониданд. Ширкати мазкур Лигаи касбии футзали мамлакатро аз ҷиҳати нишондодҳои оморӣ барои дастаҳои иштирокчии мусобиқа кӯмак хоҳад кард. 
  "Давоми 12 сол мешавад, ки муштариёни мо аз академияҳои футбол, мунтахабҳо ва бошгоҳои футбол ҳамкориро ба роҳ мондаанд. Мо натиҷаҳои оморӣ, таҳлилӣ бозиҳо ва сатҳи бозии футболбозонро баҳо медиҳем. Хушҳолеим, ки барои кӯмак мо бо Диде Дешам ва мунтахаби овозадори Исландия ҳакори намудаем" гуфт дар суханрониаш Сино Тоҳирзода 
Комрон Шодиев аз ҳамкории ширкати «InStat» изҳори қаноатманди карда, иброз намуд, ки барои пешбурди кор акнун фазои мусоид ба миён омад. 



Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив