LIVE

Дастаи “Равшан”-и Зафаробод бо медалҳои нуқраи Лигаи якум қадрдонӣ шуд

Ба бозигарон, ситоди мураббиён ва роҳбарияти бошгоҳи “Равшан”-и Зафаробод барои ишғоли зинаи дуюм дар Лигаи якуми Тоҷикистон-2021 медалҳои нуқраи мусобиқа тақдим гардид. Чорабинии мазкур 10-уми декабр дар Қасри фарҳанги ноҳияи Зафаробод баргузор гардид. Медалҳоро ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов, директори генералии Лигаи футболи кишвар Сайвалӣ Шоқурбонов ва раиси Кумитаи тартибу интизоми ФФТ Тоҳир Нурзода супориданд.
Ноиби президенти ФФТ Алишер Урунов зимни суханронии худ дастаи “Равшан” ва роҳбари он Хурсандмурод Ҷумъаевро барои бо муваффақият ба анҷом расонидани мавсим муборакбод намуда, барору комёбӣ дар мавсими нави Лигаи олӣ таманно намуд. Маросими тантанавӣ бо барномаи консертии мутрибону ҳунармандони  ноҳияи Зафаробод хотима ёфт.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив