LIVE

“Равшан”-и Зафаробод ба Лигаи Олӣ баромад

Мавсими имсолаи мусобиқоти Лигаи якум ба поён расид. Имрӯз охирин рақобатҳо баргузор шуданд, ки дидори тимҳои “Равшан”-и Зафаробод ва “Ҳосилот”-и ноҳияи Фархор вохӯрии марказии давр маҳсуб мешуд. Зеро ғолиби ин бозӣ роҳхати Лигаи олиро ба даст овард. Бозии мазкур дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Зафаробод сурат гирифа, бо ҳисоби 2 бар 1 ба суди соҳибони майдон хотима ёфт. Ҳамин тариқ дастаи “Равшан”-и Зафаробод аввалин бор дар фаъолияти худ дар мусобиқоти Лигаи олӣ иштирок мекунад.      

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив