LIVE

"Formula55" сарпарасти расмии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал шуд

🏆 Ширкати миллии букмекерии "Formula55" сарпарасти расмии Ҷоми Тоҷикистон-2022 оид ба футзал гардид. Қарордоди ҳамкорӣ зимни як ҷамъомад аз ҷониби роҳбарияти "Formula55" ва намояндагони Лигаи футзали Тоҷикистон ба имзо расонида шуд.

Бояд гуфт, ки "Formula55" бо ФФТ ва Лигаи футзали Тоҷикистон ҳамкориҳои судманд дошта, ҳамасола ширкати мазкур сарпарастии як чанд тимҳои футзали кишварро низ ба уҳда мегирад.

Мавриди зикр аст, ки Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал рӯзи 26-уми ноябр оғоз шуда, то 7-уми декабр идома мекунад.

Ширкати «Formula 55» дар тамоми фаъолияти худ мунтазам чорабиниҳои гуногуни варзишӣ, инчунин варзишгаронро чӣ дар саросари кишвар ва чӣ дар хориҷ фаъолона дастгирӣ мекунад ва дар оянда низ ният дорад, ки ин ташаббусро идома диҳад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив