LIVE

"Формула 55" сарпарасти бошгоҳи футзали "Равшан" шуд

Рӯзи 12 апрел дар меҳмонхонаи «Хатлон» байни аввалин ширкати миллии букмекерии «Формула55» ва бошгоҳи футзали «Равшан» созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.
Дар маросими имзои шартнома роҳбари дастаи футзали «Равшан» Комилҷони Боймурод ва директори минтақавии ширкати «Формула-55» Имомов Хурсанд ширкат доштанд. Ҳарду ҷониб бомуваффақият созишнома ба имзо расонида, рушди футзалро дар Тоҷикистон баррасӣ карданд.
Пас аз имзои шартнома ҳимоятгари тими футзали «Равшан» Одил Мараимов ва ҳамлагари тими футзали «Равшан» Давоатов Фирдавсӣ маҷмӯаи сару либосҳои дастаро, ки  нишони "Формула 55" доранд, муаррифӣ намуданд. Дар мавсими нав бозигарон бо ҳамин либосҳо ҳунарнамоӣ мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки аввалин ширкати миллии букмекерии "Формула 55" инчунин сарпарасти расмии дастаи "Хуҷанд" мебошад.
Ширкати "Formula 55" дар ҷумҳурӣ  соҳаи варзиш, аз ҷумла варзишгаронро ҳам дар дохил  ва ҳам дар хориҷи кишвар фаъолона дастгирӣ намуда, мунтазам чорабиниҳои гуногуни варзиширо баргузор менамояд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив