LIVE

Шартномаи ҳамкорӣ миёни Иттиҳодияи футболи хурди Русия ва Лигаи касбии футзали Тоҷикистон

28 ноябр дар шаҳри Маскав қарордоди ҳамкорӣ миёни Иттиҳодияи футболи хурди Русия ва Лигаи касбии футзали Тоҷикистон ба имзо расид. Шартномаи дуҷонибаи ҳамкорӣ дар бахши рушди футболи хурд миёни Президенти Иттиҳодияи футболи хурди Русия Эмил Алиев ва сардори департаменти футзали ФФТ, Директори генералии Лигаи касбии футзали Тоҷикистон Комрон Шодиев имзо карда шуд.  
  Созишномаи ҳамкорӣ дар чунин бахшҳо пешбини шудааст: банақшагирӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак, мусобиқаҳои байналмилалӣ сатҳи гуногун оид ба футболи хурд, мусоидат ва фарогирии чорабиниҳои вобаста ба футзал, таҳияи барномаҳои омӯзишӣ, рушди футзал миёни кӯдакон ва наврасон, ташкили семинар ва конфронсҳои дуҷониба ва роҳандози кардани фаъолияти маркентингӣ. 

Ҳайати кориро аз Тоҷикистон сардори департаменти футзал Комрон Шодиев, сардори баргузории мусобиқаҳои Лигаи касбии футзали Тоҷикистон Фирӯз Юсуфзода ва сармураббии тими милии футзали Тоҷикистон Деан Дедович ташкил мекарданд. Онҳо аз омодагиҳои дастаи мунтахаби Русия қабл аз бозии дӯстона бо Венгрия дидан намуда, аз ҷониби Президенти фахрии Иттиҳодияи футболи хурди Русия ва мураббии хизматнишондода ФР Семён Андрее меҳмонон аз таърихи футболи хурд ва дастовардҳои тими миллии ФР шиносоӣ пайдо карданд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив