LIVE

Ба «Истиқлол» медалҳои тиллои чемпионати Тоҷикистон-2022 супорида шуд

Ба футболбозон, мураббиён ва роҳбарияти дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе, ки пеш аз муҳлат дар чемпионати Тоҷикистон-2022 пирӯзӣ ба даст оварданд, пас аз бозии даври 23-юми лигаи олӣ бо тими «Хуҷанд» (2:0) ҷоми қаҳрамонӣ ва медалҳои тилло тақдим карда шуд.

Дар маросими тақдими медалҳои тиллои чемпионати Тоҷикистон-2022 ба бошгоҳи «Истиқлол» ноибони президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Дилшод Ҷӯразода ва Алишер Урунов, инчунин директори генералии Лигаи футболи кишвар Сайвалӣ Шоқурбонов иштирок намуданд. 

Қобили зикр аст, ки «Истиқлол»-и пойтахт бори ёздаҳум дар таърихи худ медалҳои тиллои чемпионати Тоҷикистонро ба даст меорад. Қаблан серҷоизатарин бошгоҳи кишвар дар солҳои 2010, 2011, 2014, 2015, 2016, 2017, 2018, 2019, 2020 ва 2021 қаҳрамони Тоҷикистон шуда буд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив