LIVE

"Истиқлол" бори 11-ум қаҳрамони Тоҷикистон гардид

Бошгоҳи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе дар бозии даври 20-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи Олӣ бо дастаи “Хатлон”-и шаҳри Бохтар майдондорӣ кард. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир шуда, бо ҳисоби минималии 1 бар 0 ба суди дастпарварони Алишер Тӯхтаев анҷом ёфт.
Маҳз голи Алиҷон Кароматуллозода дар сонияҳои охири бозӣ ба “Истиқлол” 3 имтиёзи тиллоӣ овард ва бошгоҳи шаҳри Душанбе пеш аз муҳлат қаҳрамони Тоҷикистон дар мавсими 2022 гардид.
Ёдовар мешавем, ки дастаи “Истиқлол” маротибаи 11-ум дар таърихи худ ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон даст ёфт. Аз ин пеш бошгоҳи Душанбе солҳои 2010, 2011, 2014, 2015, 2016, 2017, 2018, 2019 ,  2020 ва 2021  ғолиби мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон шуда буд.

Чемпионати Тоҷикистон -2022
Лигаи Олӣ
Гурӯҳи  «А». Даври 20
«Истиқлол» – «Хатлон» – 1:0
Гол: Алиҷон Кароматуллозода, 90+2.
Беҳтарин бозигарӣ вохӯрӣ: Алиҷон Кароматуллозода («Истиқлол»).
4 ноябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 200 тамошобин.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив