LIVE

То ба ҳол дар мусобиқоти аврупоӣ касе дар Энфилд 5 гол назада буд

“Реал Мадрид” аввалин клубе шуд, ки дар мусобиқоти аврупоӣ ба дарвозаи “Ливерпул” дар Энфилд панҷ гол зад.
Бозии даври 1/8 ниҳоии Лигаи Чемпионҳо миёни «Ливерпул» ва «Реал Мадрид» бо ҳисоби 5:2 анҷом ёфт.
Ҳамин тариқ, бошгоҳи шоҳона дар таърих аввалин дастае гардид, ки дар мусобиқоти аврупоӣ дар Энфилд ба дарвозаи «Ливерпул»  панҷ гол задааст. Қаблан сурхпӯшон дар мусобиқоти байналмилалӣ дар майдони худ ҳатто чаҳор гол нахӯрда буданд. 
Дар дақиқаи 15-ум ҳамлагар Муҳаммад Салоҳ аз иштибоҳи Тибо Куртуа истифода бурда, голро ба қайд гирифт. 
Ҳамин тариқ, мисрӣ голи 44-уми худро дар Лигаи қаҳрамонҳо зад ва рекорди Дидйе Дрогбаро дар Лигаи қаҳрамонҳо байни бозигарони африқоӣ такрор кард. Самуэл Это'О 30 гол, Садио Мане 27 гол ва Рияд Маҳрез 19 гол доранд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив