LIVE

Садио Мане рекорди Дрогбаро бекор кард

Садио Мане рекорди Дидйе Дрогбаро дар Лигаи Чемпионҳо нав кард.

«Ливерпул» дар бозии ҷавобии даври ниманиҳоии Лигаи Чемпионҳо бар «Вилярреал» бо ҳисоби 3:2 ғалаба кард. Яке аз голҳоро ҳамлагар Садио Мане ба самар расонд. Ҳамин тариқ, сенегалӣ аз рӯи шумораи голҳо дар бозиҳои плей-оффи Лигаи Чемпионҳо миёни бозигарони африқоӣ рекордгузор шуд. Барои Манеи 30-сола ин гол 15-ум шуд. Вай рекорди Дидйе Дрогбаро, ки 14 голро ташкил медод, шикаст дод.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив