LIVE

Дар утоқи либоспӯшии ПСЖ боз ҷанҷол сар задааст

Ҳамлагари бразилӣ Неймар пас аз шикасти даста дар бозии даври 23-юми чемпионати Фаронса аз “Монако” дар утоқи либоспӯшӣ бо мушовири «ПСЖ» - Луис Кампос задухӯрд кардааст. 
Ба иттилои манбаъ, пас аз анҷоми бозӣ Неймар ва Кампос бо забони португалӣ бо ҳам ҷанги лафзӣ карданд. Инчунин дар ҷанҷол капитани парижихо Маркинйос фаъолона иштирок кард.
Бояд қайд кард, ки ин мағлубияти дуюми паиҳами ПСЖ буд. Қаблан даста аз «Марсел» бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрда, аз даври 1/8 финали мусобиқот маҳрум шуд. 
Дар мавсими имсолаи чемпионати Фаронса Неймар дар 19 бозӣ ширкат карда, 12 гол ва 10 партофти головар кардааст. 
14-уми феврал ПСЖ дар бозии аввали даври 1/8 финалии Лигаи Чемпионҳо бо «Бавария» дидор анҷом медиҳад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив