LIVE

Кампос: Мо дар даъвати Неймар ва Мбаппе хато кардем

Директори варзишии дастаи ПСЖ Луис Кампос боварӣ дорад, ки клуб соли 2017 дар харидории Неймар ва Килиан Мбаппе хато кардааст.  Қаблан хабар дода шуда буд, ки футболбозон ихтилоф доранд ва Мбаппе мехост, ки Неймар аз даста равад.
«Дар гузашта мо иштибоҳ карда будем, ки ду бозигарро дар як мавқеъ харидем.
Мо равзанаи гузаришҳои хуб надоштем, зеро дар мавқеъҳои калидии ПСЖ бозигарон намерасанд, аммо дар хати ҳамла бозигарони сатҳи баланд дорем" гуфт Кампос дар подкаст.  
Неймар аз “Барселона” ба маблағи 222 миллион евро харида шуд.Ин трансфер ҳамчунон рекорди таърихи футбол боқӣ мемонад. Мбаппе соли 2017 аз “Монако” ба иҷора гирифта шуд ва баъдан ба маблағи 180 миллион евро харидорӣ шуд. Ҳарду бозигар дар даста нақши бузург доранд, аммо новобаста аз ин то ба ҳол парижиҳо дар Лигаи Чемпионҳо ғолиб нашудаанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив