LIVE

Месси ва Неймар ба MLS мераванд

Ҳамлагарон Лионел Месси ва Неймар тарки ПСЖ мекунанд.  Роҳбарияти парижиҳо аз шикасти бошгоҳ дар даври 1/8 финали Лигаи Чемпионҳо ноумед шудаанд ва ният доранд, ки вазъи бошгоҳро таҳлил кунанд. Сармураббӣ Маурисио Почеттино ва директори варзишии даста Леонардо ПСЖ-ро тарк мекунанд, аммо тағйирот дар миёни бозигарон низ аз эътимол холӣ нест. Дар ин замина рафтани Месси ва Неймар, ки бозиҳояшон интизориҳоро бароварда накард,  истисно нест, ҳарчанд фурӯши онҳо хеле мушкил хоҳад буд.
Неймар ва Месси метавонанд ба MLS бираванд, аммо ҳатто агар ҳарду дар даста боқӣ монанд, клуб нақша дорад, ки ба бозигарони ҷавон имконияти бештар диҳад.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив