LIVE

Почеттино гузариши Мессиро ба "ПСЖ" рад накард

Сармураббии нави "ПСЖ" – Маурисио Почеттино хабари гузариши Мессиро ба ҳайати "парижиҳо" рад кард. Ҳамчунин, Почеттино дар бораи Неймар низ ҳарф зад.- Месси ба “ПСЖ” меояд?
- Бобои барфӣ аллакай кори хуберо анҷом додааст ва ба ман имконият дод, ки ба “ПСЖ” баргардам. Ман аз ин фурсат истифода бурда, ба Носир ва Леонардо ташаккур мегӯям. Мо медонем, ки ин тим ҳадафҳои бузург дораду яке аз калонтарин  бошгоҳҳои ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Ҳамин тавр, мо ин масъалаҳоро барои баъд мегузорем, - гуфт Почеттино.
- Неймар мехоҳад, ки дубора бо Месси бозӣ кунад? 
- Ӯ мефаҳмад, ки ман дастаро танҳо ду рӯз қабл ба уҳда гирифтам ва мо диққати худро ба мутобиқшавӣ ва шиносоии якдигар равона кардаем. Ман мефаҳмам, ки чаро шумо ҳоло ин саволҳоро медиҳед. Аммо дар оянда мо вақт дорем, ки дар ин бора сӯҳбат кунем.
Пештар хабар дода шуда буд, ки “ПСЖ” ба муҳофизатгар ва капитани "Реал Мадрид" – Серхио Рамос ваъда додааст, ки ӯ ва Мессиро ба даста даъват мекунанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив