LIVE

Жерар Пике пуштибони ягонаи Месси дар “Барселона”

Ҳимоятгари “Барселона” - Жерар Пике аз кори роҳбарияти клуб изҳори норозигӣ кард. Баъд аз он, ки капитани даста Лионел Месси аз “Барселона” рафт, муҳофизатгар назарашро дар бораи сиёсати куорбарии роҳбарият иброз дошт.  Ҳамлавари Аргентинӣ омода буд, ки бо клуби каталонӣ шартнома нав кунад, аммо бинобар мушкилоти молиявии “Барса” бо ӯ тамдиди шартнома накард. 
«Роҳбарияти клуб дар солҳои охир чандон хуб амал намекунад. Ва мо барои ин муҷозот мегирем. 
Вақте ки бозигарон ба мисли Месси мераванд, табиист, ки барои ҳама душвор мешавад, аммо мо бояд ин мушкилиро пушти сар намоем ва пеш равем. Мо ҳеҷ чизро дигар карда наметавонем.
Мо бояд хуб бозӣ кунем ва пирӯз шавем, боз ҳам бештар кор кунед. Дар ҳолати набудани Месси дигарон метавонанд нақшҳои асосиро бозӣ кунанд. Мутаассифона, Месси дигар бо мо нест, аммо моро зарур аст, ки варақи навро кушоем ва таърихсозиро бидуни Месси аз нав оғоз кунем. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив