LIVE

Капитани нави "Барселона" интихоб шуд

Лионел Месси дар мавсими солҳои  2020/2021 дастбанди капитаниро дар худ нигоҳ медорад.  Дар “Барселона” Месси  сарвони асосии даста боқӣ мемонад, дар сурати набудани ӯ се нафар - Серхио Бускетс, Жерар Пике ва Серхио Роберто ёрдамчиёни Месси интихоб шудаанд.  Ёдовар мешавем, ки Бускетс, Пике ва Роберто мавсими сеюм аст, ки  нойби капитани “Барселона” интихоб мешаванд. Ёдовар мешавем, ки Месси мақсади рафтан аз “Барселона”-ро дошт.  Зеро як банди шартнома ба ӯ иҷозат медод то баъди анҷоми ҳар як мавсим Месси имкон дошт, ки аз даста равад. Нилунориҳо ин пешниҳодро қабул накарданд ва исрор намуданд, ки ҳамлагари 33 сола танҳо бо пардохти 700 миллион евро имкон дорад, ки бошгоҳи каталониҳоро тарк кунад.  Рӯзи 7-уми сентябр Месси таҳти роҳбарии сармураббии нави даста Роналд Киман аввалин тамринро баргузор кард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив