LIVE

Килиан Мбаппе низ пеш аз Ҷоми Ҷаҳон осеб бардошт

Ҳамлагари дастаи “ПСЖ” Килиан Мбаппе ҳангоми бозии даври 14-уми Лига 1 бо “Лорен” ҷароҳат бардоштааст.  Фаронсавӣ дар дақиқаи 85-уми бозӣ майдонро тарк кард.  Ба гуфтаи манбаъ, сабаби ин нороҳатӣ  осеби мушакҳо гуфта мешавад.  Дар ояндаи наздик кормандони тиббии тими парижӣ мизони ин зарарро муайян мекунанд.  Вохӯрии «Лорен» ва «ПСЖ» бо ғалабаи клуби Париж бо хисоби 2:1 анчом ёфт.  Дар тими ғолиб голҳоро Неймар ва Данило ба самар расониданд.  Ёдовар мешавем, ки дар мавсими имсолаи чемпионати Фаронса Мбаппе дар 13 бозӣ 11 гол ва 2 партофти головар кардааст.  Футболбози фаронсавӣ инчунин дар шаш бозии Лигаи Чемпионҳо 7 гол дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив