LIVE

Мусовии дуюми наврасони то 17 сола дар Ҷоми Рушд-2023

Шоми имрӯз, 7-уми феврал дар шаҳри Минск бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи байналмилалии анъанавии «Ҷоми Рушд-2023» баргузор шуд. 
Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) дар гурӯҳи “В” бозии худро бо мунтахаби Беларус (U-16) бо натиҷаи мусовӣ ҷамъбаст намуд. Ин вохӯрӣ дар майдони футболи Минск баргузор шуда, бо ҳисоби 2 бар 2 хатм шуд.  
Бояд гуфт, ки мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар бозии даври аввал бо ҳамсолонашон аз Россия низ бозиро мусовӣ карда буданд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив