LIVE

Казюёси Миураи 55 сола фаъолияти футболбозии худро дар Аврупо идома медиҳад

Куҳансолтарин футболбози ҷаҳон Казюёси Миураи 55 сола фаъолияташро дар Аврупо идома медиҳад   Ҳамлагари ҷопонӣ Казюёси Миура, ки моҳи феврал 56-сола мешавад, то охири мавсим ба тими «Оливейренсе»-и Португалия ба шартнома баст.

Казюёси Миура куҳансолтарин футболбози касбии ҷаҳон маҳсуб мешавад.  «Оливейренсе» дар дивизиони дуюми Португалия бозӣ мекунад. 
Миура бори охир дар як клуби Аврупо соли 1999 бозӣ карда буд - он вақт ҳамлагар 32-сол дошт ва дар ҳайъати “Динамо Загреб” ҳунарнамоӣ мекунад.

Миура соли 1967 таваллуд шуда, карераи касбии бозигариашро соли 1983 оғоз кардааст. Ӯ 39-умин мавсими касбии худро дар футбол мегузаронад. 
Роналду ва Месси низ ба мисли ин ҷопонӣ то 55 солагӣ футбол бозӣ мекунанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив