LIVE

Дани Алвес рафтанашро аз «Барселона» тасдиқ кард

Ҳимоятгари 39-солаи “Барселона” Дани Алвес тарки даста мекунад. Дар ин бора футболбоз дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар додааст. Дани Алвес гуфтааст, ки роҳбарияти даста хоҳиши тамдиди шартнома бо манро надорад ва рӯзи 30-юми июн қарордод бо “Барселона” ба охир мерасад. Қаблан хабар дода шуда буд, ки ҳимоятгар мехоҳад шартномаи худро бо клуб то охири мавсими оянда тамдид кунад.
Алвеси 39-сола, ки аз соли 2008 то соли 2016 дар ин даста бозӣ мекард, моҳи ноябри соли 2021 ба он баргашт ва то охири мавсим шартнома баст. Футболбози бразилӣ ният дорад, ки фаъолияти худро идома диҳад, зеро ӯ бо тими миллии кишвараш дар Ҷоми ҷаҳонии Қатар низ баромад кардан мехоҳад. Ин футболбоз аз лиҳози ҷоизаҳои бештар рекордгузори ҷаҳон маҳсуб мешавад. Ӯ беш аз 40 ҷоиза аз мусобиқаҳои мухталифи футбол ба даст овардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив