LIVE

Бозгашти Дани Алвес ба "Барселона"

Сомонаи расмии бошгоҳи “Барселона”-и Испания аз гузариши ҳимоятгари 38-солаи бразилӣ Дани Алвес хабар дод. Бозингар ҳамчун агенти озод шомили бошгоҳи каталонӣ гардид. Қаблан хабар буд, ки  Алвесро шахсан сармураббии тозатаъйини даста Хави даъват намудааст. Қобили зикр аст, ки собиқ сармураббии дастаи «Барселона» Роналд Куман қаблан мухолифи бозгашти Алвес буд. Ӯ бастани ин қарордодро барҳам зада буд. Моҳи сентябр бозингар тарки дастаи “Сан-Паулу” - и Бразилия намуд. Бозингари бразилӣ борҳо гуфта буд, ки омодааст ба “Барселона” кӯмак кунад. Дани Алвес қаблан солҳои 2008-2016 дар ҳайати «Барселона» бозӣ карда, бо даста 23 ҷоиза ба даст овардааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив