LIVE

Серҷоизатарин футболбози сайёра бе даста монд

Дифоъгари бразилии бошгоҳи «Пари Сен-Жермен» Дани Алвес дар саҳифаи инстаграмаш хабар додааст, ки санаи 1-уми июл дастаи парижиро ба таври расмӣ тарк хоҳад кард. Дани Алвес соли 2017 ҳамчун футболбози озод аз “Ювентус” ба “ПСЖ” гузариш намуда буд. Дар мавсими гузаштаи Лигаи 1-уми Фаронса Дани дар 32 бозии “ПСЖ” ширкат намуда, ба задани 3 гол ва 8 партофти головар даст ёфтааст. Қаблан Алвес дар бошгоҳҳои “Севиля” ва “Барселона” низ ҳунарнамоӣ кардааст. Хотиррасон мекунем, ки Дани Алвеси 36 сола бо ба даст овардани 42 ҷоиза дар бошгоҳҳо “Баия”, “Севиля”, “Барселона”, “Ювентус” “Пари Сен-Жермен” ва тими мунтахаби Бразилия серҷоизатарин футболбози сайёра ба шумор меравад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив