LIVE

Ин мард дар 55 солагӣ низ аз футбол рафтанӣ нест

Куҳансолтарин футболбози ҷаҳон - Казуёси Миура мебошад, ки бо вуҷуди 55 сола буданаш ҳанузам дар майдони футбол ҳунарнамоӣ мекунад. Ҷопонии футболбоз дар 55-солагӣ низ кори дӯстдоштаашро тарк намекунад - ӯ мавсими 37-уми худро дар футбол оғоз кард. Дар ҳайати дастаи ҷадиди худ «Судзука ПГ», ки дар дивизиони чоруми Ҷопон бозӣ мекунад, аввалин бозии худро доир намуд. Казу ҳамлагари дастаи “Иокогама” буда, «Судзука ПГ» ӯро ба иҷора гирифтааст.  Ба хотири тамошои куҳансолтарин футболбоз варзишгоҳ пур аз мухлис мешавад. Ӯ исми худро дар таърихи футбол навишта кардааст. 
Ӯ дар олами футбол ба тахаллуси "Шоҳ Казу" маъруф аст ва ҳануз дар соли 1993 соҳиби ҷоизаи «футболбози сол дар Осиё» гардида буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив