LIVE

Кроос: ман то 38 солагӣ бозӣ намекунам

Ниммуҳофизатгари олмонии «Реал» - Тони Кроос гуфтааст, ки бо дастааш қарордоди ҳамкории бисёрсола намебандад. 

«Аниқ ман аз зумраи онҳое нестам, ки то 38 солагӣ футбол бозӣ кунам. Шартномаи кунуниам ҳанӯз 3,5 соли дигар эътибор дорад ва тобистони соли 2023 ба охир мерасад. Он вақт ман 33 сола мешавам. Беҳтарин давра барои андеша кардан дар мавриди зиндагии бидуни қарордод маҳсуб мешавад. Фикр мекунам, ки рӯзҳои охири мӯҳлати шартномаам, ҳамчунин охирин давраи  фаъолияти футболбозиам хоҳад буд», иқрор шудааст: Кроос.

 Тони аз соли 2014  дар «Реал» бозӣ мекунад. Қаблан ниммуҳофизатгари олмонӣ шарафи дастаҳои «Бавария» ва «Байер»-ро ҳимоя кардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив