Ҳамлагари собиқи мунтахаби Аргентина Карлос Тевес метавонад фаъолияти худро дар MLS идома диҳад. Ба иттилои манбаъ, «Ди Си Юнайтед» ба футболбози 38-сола таваҷҷӯҳ дорад. Раҳбарияти бошгоҳи MLS ба Тевес то охири мавсими соли 2022 шартнома пешниҳод кардааст. Охирин клуби Тевес «Бока Хуниорс» буд, ки ҳамлагар аз он соли 2021 рафт. Қаблан футболбози аргентинӣ дар дастаҳои «Коринтианс», «Вест Хэм», «Манчестер Юнайтед», «Манчестер Сити», «Ювентус» ва дигар дастаҳо бозӣ кардааст. Ёдовар мешавем, ки мавсими нав дар MLS 26 феврал оғоз мешавад.