LIVE

Беллерин баъд аз панҷ моҳи бозгашт дигарбора “Барса”-ро тарк намуд

Ҳимоятгари испанӣ Эктор Беллерин пас аз панҷ моҳи бозгашташ ба бошгоҳи “Барселона” тарки ин дастаи каталонӣ намуд.
Футболбози 27-сола ба "Спортинг" гузашт. Тибқи иттилои сомонаи расмии бошгоҳи шаҳри Лиссабон, шартнома то охири мавсим бо имкони тамдиди 2 соли дигар баста шудааст.
Беллерин дастпарвари “Барселона” аст. Вай соли 2011 дастаро тарк карда, ба “Арсенал” гузашт. Пас аз 11 сол, испанӣ ба даста баргашт. Дар ҳафт бозӣ дар ин мавсим Беллерин 494 дақиқаро дар майдон сипарӣ карда, бидуни задани гол боз тарки ин тими футбол кард. 
«Спортинг» дар мавсими имсолаи чемпионати Португалия дар 16 бозӣ 32 имтиёз ба даст оварда, дар зинаи чорум қарор дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив