LIVE

«Рома» мехоҳад муҳофизатгари «Барса»-ро ба ҳайати хеш даъват намояд

«Рома»-и Итолия мехоҳад бо ҳимоятгари «Барселона» Эктор Беллерин шартнома бандад. Римиҳо мехоҳанд ин гузаришро дар равзанаи гузариши зимистона анҷом диҳанд. 
Моуриню аз фаъолияти Рик Карсдорпро рози нест ва барои бозии сусташ дар муқобили Сассуоло ӯро интиқод кард ва сипас ишора кард, ки ӯ бояд клуби нав пайдо кунад. Беллерин метавонад ӯро иваз кунад.

Беллерини 27-сола хатмкардаи академияи “Барселона” мебошад. Вай соли 2011 клубро тарк кард ва тобистони соли 2022 ҳамчун агенти озод баргашт.
Баъд аз бозгашт Эктор Беллерин дар ҳайати каталониҳо қариб, ки ба майдон намебарояд ва ин мавқеъ ӯро қонеъ намекунад. Худи бозигар низ хоҳиши иваз кардани дастаашро дорад.

Дар панҷ бозӣ дар ин мавсим Эктор 321 дақиқа бидуни гол дар майдон бозӣ кардааст.  Мӯҳлати созишнома байни тарафҳо тобистони соли 2023 ба поён мерасад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив