LIVE

"Барселона" мақсад дорад бо Фернандеш шартнома бандад

Дастаи «Барселона» мақсад дорад, ки тобистони соли 2022 бо ниммуҳофизатгари «Манчестер Юнайтед» - Бруно Фернандеш қарордод ба имзо расонад. Тибқи сарчашмаҳои хабарӣ каталониҳо  дар тобистони соли 2022 аввал барои ба даст овардани ҳамлагар  Эрлинг Ҳоланд аз «Боруссия Дортмунд» кӯшиш мекунанд. Дар сурати муваффақ нашудан, баъдан футболбози португалиро ба ҳайати худ ҷалб хоҳанд кард. 
Фернандеши 27-сола моҳи январи соли 2020 аз «Спортинг» ба «Манчестер Юнайтед» гузашт. Нимҳимоятгари португалӣ дар ин мавсим дар 18 бозии чемпионати Англия 5 гол ва 3 партофти головар кардааст. Фернандеш дар панҷ бозии даври гурӯҳии Лигаи Чемпионҳои УЕФА 6 партофти головар кардааст.
Шартномаи футболбози португалӣ то соли 2025 ба охир мерасад. Портали Transfermarkt Фернандешро 90 миллион евро арзёбӣ мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив