LIVE

Пешниҳоди аҷиби "Арсенал" барои Коутиню

"Арсенал"-и Лондон омода аст, нимҳимоятгари бразилии "Барселона" Филипп Коутинюро бо шартҳои муайян ба иҷора бигирад, хабар медиҳад Sport.es.  Ба иттилои манбаъ, «Арсенал» барои ҷалби ин бозигар манфиатдор аст ва бо атрофиёни бразилӣ муносибати хуб дорад.  Бо вуҷуди ин, клуби лондонӣ омода аст, ки созишномаро танҳо дар шакли иҷора бидуни интихоби ҳатмии харид баррасӣ кунад.  Инчунин барои клуб муҳим аст, ки ҳангоми шартномаи иҷора маоши пурраи бозигарро напардозад.  Ҳамзамон тимҳои «Ньюкасл Юнайтед», «Эвертон», «Лестер Сити» ва «Тоттенхэм Хотспур» низ дар фикри  даъвати ӯ ҳастанд.  Коутинюи 29-сола моҳи январи соли 2018 аз “Ливерпул” ба маблағи 135 миллион евро ба “Барселона” гузашт. Нимҳимоятгари бразилӣ дар ҳайати тими испанӣ 106 бозӣ гузаронида, дар он 25 гол ва 14 партофти головар кардааст.  Шартномаи нимҳимоятгар бо даста то соли 2023 ба охир мерасад.  Портали Transfermarkt арзиши бозингарро 20 миллион евро арзёбӣ мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив