LIVE

Талоши "Бавария", "Тоттенхэм" ва "Атлетико" барои Лукаку

Ҳамлагари «Интер» Ромелу Лукаку, ки ба «Челси» тааллуқ дорад, мавсими оянда дар куҷо бозӣ хоҳад кард, маълум нест.   Як қатор бошгоҳҳои аврупоӣ барои дарёфти ин бозигар, аз ҷумла «Тоттенҳэм», «Нюкасл»-и Англия, инчунин «Бавария» ва «Атлетико Мадрид» даъво доранд.
Азбаски "Челси" намехоҳад ин бозигарро нигоҳ дорад, эҳтимол дорад, ки ӯ ба дастаи дигар равад. Агар сармураббӣ Антонио Конте дар мавсими оянда дар сари қудрат бимонад, "Тоттенхэм" метавонад Лукакуро харидорӣ кунад - мураббӣ ва бозигар қаблан дар "Интер" якҷоя кор мекарданд. 

Пас аз рафтани ҳамлагар Роберт Левандовски ба «Барселона» шояд «Бавария» ба ин ҳамлагари белгиягӣ ниёз дошта бошад, то ҳайати хешро бо ҳамлагари марказӣ дигарбора комил созад.

Натиҷаҳои кунунии Лукаку бо “Интер” назаррас нест, зеро  ӯ баъд аз  захм бардоштанд, дар тамоми мусобиқаҳо ҳамагӣ дар 9 бозӣ ширкат варзида, дар онҳо ду гол зада, як ассист дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив