LIVE

Музаффарияти навбатии “Манчестер Сити”-и боздоштнашаванда

Дар доираи бозиҳои даври 4-уми ПЛА “Манчестер Сити” бошгоҳи “Брайтон”-ро шикаст дод. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи муҳташами “Иттиҳод” баргузор гардида, бо ҳисоби 4-0 ба анҷом расид. Голҳоро Кевин де Брюйне, Серхио Агуэро (2 маротиба) ва Бернарду Силва ба номи худ муҳр заданд. Бо анҷом додани дубл Агуэро натиҷаи Эдик Ҷеко (соли 2011)   ва Крис Саттон (соли 1997) такрор кард. Акнун дар таърихи ПЛА 3 футболбоз тавонистааст, ки моҳи август дар ПЛА 6 гол ба самар бирасонад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив