LIVE

Собиқ дарвозабони “Истиқлол” ба сафи “Бухоро” пайваст

Дастаи “Бухоро”, ки сармураббиаш мутахассиси тоҷик Ҳаким Фузайлов мебошад, бо даврозабони сербӣ Никола Стошич шартнома баст. 
Никола Стошич аз соли 2013 то соли 2018 шарафи дастаи “Истиқлол”-ро ҳимоя намуда, се маротиба солҳои 2015, 2017 ва 2018 дар Тоҷикистон дарвозабони сол шудааст. 
Стошич ҳамзамон 6 маротиба қаҳрамони кишвар шуда, бо Ҳаким Фузайлов хуб ошно мебошад. 
Баъд аз омодани Ҳаким Фузайлов ба “Истиқлол” Никола Стошич мавқеъашро дар ҳайати асосӣ аз даст дод, зеро Фузайлов ба дарвозабони ҷавон Рустам Ятимов бештар вақти бозӣ медод.
Ҳамзамон дарвозабони сербӣ ҷароҳати вазнин бардошт ва муддати туллонӣ ба табобат машғул шуд ва дар ин вақт “Истиқлол”-ро ҳунари Рустам Ятимов қонеъ мекард. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив