LIVE

«Хуҷанд» сармураббии худро иваз кард

Собиқ сармураббии  мунтахаби Тоҷикистон ва бошгоҳи “Истиқлол”-и Душанбе - Ҳаким Фузайлов  дастаи «Хуҷанд»-ро роҳбарӣ мекунад.  Дар ин бора дафтари матбуотии «Хуҷанд» хабар додааст.  Дар ибтидои мавсим дар мақоми сармураббии ин тими футбол мутахассиси сербӣ  - Никола Лазаревич интихоб шуда буд, аммо аз сабаби мушкилиҳои пешомада, сарҳадҳо баста шуданд ва ин мураббӣ ба Тоҷикистон омада натавонист. 
«Мо маҷбур шудем, ки гирди миз ба ҳам омада, мушкилоти мазкурро ҳал кунем. Дар натиҷа ба хулосе омадем, ки даста бидуни сармураббӣ фаъолият карданаш мушкил аст, зеро  сармураббӣ - Никола Лазаревич дар Сербия қарор дорад ва имкони баргаштан ба Хуҷандро надорад.  Ба ҳамин хотир мо бо Ҳаким Қаюмович маслиҳат кардем ва ӯ «Хуҷанд»-ро то охири сол роҳбарӣ мекунад”. - иқрор шудааст иҷрокунандаи вазифаи директори «Хуҷанд» Муродҷон Умаров.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив