LIVE

Серхио Рамос ба мунтахаби Испания бармегардад

Ҳимоятгари ПСЖ Серхио Рамос метавонад ба тими миллии Испания баргардад.
Сармураббии нави Испания Луис де ла Фуэнте ният дорад, ки дар доираи вохӯриҳои оянда бо Рамос сӯҳбат кунад. Гуфта мешавад, ки муҳофизатгари 35 сола ба ҳайати дастаи мунтахаби Испания барои иштирок дар Евро-2024 бо Норвегия ва Шотландия даъват мешавад.
 
Ёдовар мешавем, ки Рамос дар ҳайати тими миллии Испания 180 бозӣ анҷом додааст. Ҳимоятгар ба дархости тими миллӣ барои бозиҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 шомил нашудааст.

Мураббии нав бори аввал дар ҳайати Испания дар бозии интихобии қаҳрамонии Аврупо, ки моҳи марти соли 2024 бо муқобили Норвегия ва Шотландия баргузор мешавад, баромад мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив